Дар шаҳри Бохтар 39 адад автобусҳои мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ба мусофирон хизмат мерасонанд

Декабрь 15, 2023 08:39

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» аз ҷониби ҶДММ «Акиа Авесто» 39 адад автобусҳои мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ворид гардид. Дар ин хусус зимни ба истифода додани бинои маъмурии корхонаи «Бохтарнақлиётхизматрасон» ва маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», ки 14 декабр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, хабар дода шуд.

«Дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 адад воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи «Акиа–LE9» бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харидорӣ гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41 адад расонида шуд»,- иттилоъ дода шуд.

Аз шумораи умумии 41 воситаи нақлиёти ба корхона воридгардида, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намудааст. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Тасмими мазкур боиси хушҳоливу фараҳмандии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф гардидааст.

Зимнан бо ба истифода додани КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» кор дар хатсайрҳои дигар оғоз шуд.

Ин тадбир имконият медиҳад, ки хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ монда шаванд.

Бояд гуфт, ки автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни кам ва кўтоҳ будан барои фаъолият дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атроф мусоид мебошад.

Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва воситаҳои вориду хориҷшавӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2023 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд