Дар шаҳри Бохтар якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Декабрь 15, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар як қисми бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №7 пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Нурулло Шарифов соли 1965 таъсис ёфтааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 бинои 2 ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ дар ошёнаи дуюм мебошад, ки шумораи умумии синфхонаҳо 49 адад буда, як адади он ҳуҷраи кории омӯзгорон аст. Дар ҳудуди муассиса сохтмони дегхона барои гармидиҳии бино дар фасли зимистон ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари бино соҳибкор Шамсулло Соҳибов буда, бо усули хоҷагӣ аз ҳисоби худ (зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ) таъмири асосӣ намуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ёрирасон идома дорад. Маблағгузорӣ барои таъмири пурра то ба 5 миллион сомонӣ идома меёбад.  Масоҳати умумии бино 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 90 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 61 нафари онҳоро омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Бинои муассисаи таълимӣ барои 964 хонанда пешбинӣ гардида, дар айни замон дар он хонандагон аз синфи 1-ум то синфи 11-ум 1440 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Маблағгузории музди меҳнати омӯзгорон аз ҳисоби буҷаи маҳал пешбинӣ гардидааст.

24 декабри соли 2020 бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров 2 бинои дуошёна пурра аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои муассиса мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин соли равон бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов 1 бинои дуошёнаи муассиса бо фарогирии 13 синфхона ва роҳравҳо аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, 3500 м2 саҳни муассиса сафолакпӯш шуд.

Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон» барои солҳои 2022-2027 дар соли 2023 сохтмони бинои муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи М. Турсунзода аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 100 тарбиятгиранда ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш оғоз гардидааст.

Ҳамзамон сохтмони бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 312 хонанда ва бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №6 барои 620 хонанда ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Раванди корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Бохтар бо маром идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.

Дар шаҳри Бохтар 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 2 гимназия, дар маҷмуъ 24 муассисаи таълимӣ вуҷуд дошта, шумораи умумии хонандагон 29 109 нафар мебошад, ки ба таълиму тарбияи онҳо 1303 омӯзгор машғул мебошанд.

Ҳамзамон 19 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии назди корхона (роҳи оҳан) бо фарогирии 3191 тарбиятгирандагон фаъолият менамоянд. Барои таълиму тарбияи онҳо 228 омӯзгор ва мураббияҳо фаъолият менамоянд.

Зимни суҳбат бо Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Инчунин дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар корхонаи коркарди шир мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Одилҷон Аҳатов дар масоҳати 300 м2 бо маблағи 150 ҳазор доллар анҷом дода шудааст. Тибқи истеҳсолот, дар корхона 6 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад. Иқтидори корхона то 2 тонна шир дар як  рӯз дар назар гирифта шудааст.

Дар саҳни корхона аз тарафи соҳибкор санги асос барои сохтмони маҳсулоти хӯрокворӣ, макарон ва маҳсулоти қаннодӣ гузошта шуд. Дар бунёди корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда ба соҳибкор ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, барои корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати соҳибкор ва мутахассисон изҳори ташаккур намуданд.

Дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон зиёда аз 100 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки дар пайи он ҳазорон сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

АКС: Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 15, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор 1127 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Меҳргони ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ду бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ба истифода медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара 6 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварии ноҳияи Нуробод кай ба фаъолият шуруъ мекарда бошанд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мақсади саноатикунонии шаҳри Норак ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар барои олимони соҳаи амнияти биологӣ ва радиатсионӣ бинои нав сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар минтақаи Кӯлоб 20 иншоот бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт корхонаи роботии хишти пухта ба истифода дода мешавад