Дар шаҳри Кӯлоб Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид

Декабрь 25, 2023 17:33

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушди маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар он роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақш, моҳият ва зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, иҷрои корҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии  мамлакат сухан намуданд.

Дар доираи баргузории фестивал «Форуми саводнокии молиявӣ» доир гардида, дар он мутахассисони соҳаи низоми бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногуни бахши саводнокии молиявӣ, аз ҷумла,  «Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми молиявӣ», «Рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ», «Таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ», «Саводнокии молиявӣ – заминаи асосӣ барои тиҷорати муваффақ», «Низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз рӯнамоҳои муфассал сухан намуданд.


Барои ҷолибу шавқовар гузаштани «Форуми саводнокии молиявӣ» ҳаҷвнигорони шинохтаи маҳаллӣ барномаҳои ҳаҷвӣ ва саҳнаҳои ҳаётӣ оид ба мавзуи молия манзур намуданд.

Дар «Форуми саводнокии молиявӣ» беш аз 300 хонанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ, кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби намояндагони ташкилоти қарзӣ ва суғуртавӣ барои иштирокдорони форум бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ташкил намуда, фаъолон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст