Дар Тоҷикистон Харитаи равандҳои экзогению геологӣ таҳия мегардад

Декабрь 28, 2023 12:39

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз натиҷаҳои ба дастомадаи муҳандисию геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери  таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Харитаи (атласи) равандҳои экзогению геологиии ҷумҳуриро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Чунин дастур дода шуд имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мақсади таҳияи атласи ҷуғрофиро Сарвари давлат барои истҳсоли энергияи сабз, рушди иқтисоди сабз ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ арзёбӣ намуда, ҳамчунин зарур шумориданд, ки  дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шавад.

Инчунин Пешвои миллат  ба Саридораи геология супориш доданд, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯй, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар ин самт бояд мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва сохторҳои геологии давлатҳои тараққиёфта ҷалб шуда, баъзе аз конҳо аз нав бо технологияҳои муосир бозомӯзӣ шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2023 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд