ДАР ТОҶИКИСТОН МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ АФЗОИШ МЕЁБАД. Дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ

Декабрь 12, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Рӯзи байналмилалии фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ  (International Universal Health Coverage Day) маҳсуб мешавад. Мақсад аз он дастрасии ҳар нафар ба хизматрасонии хубу босифати тиббӣ   мебошад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.  Кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон низ барои рушди соҳа ва сиҳатии мардум шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд, «дар давлати соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст».

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардида, дар ин давра бунёд ва ба истифода додани биноҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ  далели раднопазири он аст, ки воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил таъмин гардид.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад.

Ҳамзамон бо мақсади дарёфти саривақтӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ аз тарафи кормандони муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ҳамарӯза гардишҳои ҳавлигӣ анҷом дода мешаванд. Ин омил ба назорати пайвастаи диспансерии беморони гирифтори бемориҳои музмин ва маъюбони гурӯҳҳои гуногун мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки  бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ  пайваста «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона  гардида, ба аҳолии ин минтақаҳо табобати ройгон расонида мешавад. Ҳамчунин дар баробари ташхису муоина ва тавсияҳои зарурӣ мутахассисон дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.

Инчунин дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ татбиқ карда мешаванд.

Татбиқи онҳо ба рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии саривақтию босифати тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, тавассути онҳо сиҳатии сокинон ҳифз мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар

Декабрь 12, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид