ДАРАХТ БИНШОН! Сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода зиёда аз 150 бех ниҳоли ороишиву ҳамешабз шинониданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинониданд, ки ба хуррамгардонии кӯчаҳо ва саҳни муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Сокинон бо азми сарсабзу хуррамгардонии саҳни муассисаҳои таълимӣ дар саҳни мактабҳои деҳот ҳашари дастҷамъона гузарониданд.
Тавре қаблан хабар додем, маъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода идома ёфта, сокинон мавзеъҳои холии шафати шоҳроҳро бо дарахтони ҳамешасабз сарсабз мегардонанд.
Дар маҷмуъ дар доираи маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» дар ҳудуди шаҳру деҳоти шаҳри Турсунзода шинонидани зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст, ки ба хуррам гардонидани Ватанамон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






