Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастҷамъии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 озими Дубай шуд

Декабрь 16, 2023 16:05

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷом додани ҷамъомади тамринии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Дубай сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Машқҳои таълимӣ-тамринӣ то 27 декабр идома меёбанд. Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади тамринии дуюмашро аз 28 декабр то 7 январ дар Абузабӣ доир менамояд.

8 январ ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ба Қатар меравад.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд