ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастҷамъӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб муайян гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро оид ба футбол, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба Ҷоми Осиё-2023 27 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар омодагӣ мебинанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба чемпионати Осиё 16 декабр оғоз менамояд. Нахустин ҷамъомади тамринии даста аз 16 то 27 декабр дар Дубай баргузор мешавад. Сипас, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Абузабӣ аз 28 декабр то 7 январ ҷамъомади дуюми тамриниашро доир менамояд. 8 январ футболбозони мо ба Қатар мераванд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Бӯризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






