ФУТБОЛ. «Истиқлол» бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб омад

Декабрь 13, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Алишер Ҷалилов (ду маротиба), Салоҳиддин Иргашев ва Сенин Себай ба нишон расониданд. Аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Зарипов ва Ойбек Абдуғаффоров тӯбҳоро ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд пас аз бохт имконияти роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои Осиёиро дар мавсими оянда аз даст дод. Гарчанд даста дар Лигаи олӣ як бозии дигар дорад, аммо ба зинаи дуюм баромада наметавонад.

Ҳамин тавр, як давр пеш аз анҷоми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб зинаи дуюми мусобиқаро соҳиб шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аллакай пеш аз муҳлат чемпиони мусобиқа гардид.

Хотиррасон мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 12-ум унвони чемпиониро ба даст овард. Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 ғолиби чемпионати Тоҷикистон шудааст.

Дар мавсими оянда дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи гурӯҳӣ ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои 2-и Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд