Хонандаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсу сазовори медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu — World Open Championship 2023) хонандаи синфи 6 Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Шерализода дар категорияи камарбанди хокистарранг, дар вазни 30 кг ғолиби мутлақ ва сазовори медали тилло гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.
Мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни 64 давлати ҷаҳон хонандаи синфи 6-и Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Шерализода ва хонандаи синфи 4-и ҳамин муассиса Мустафо Шерализода муаррифӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа Мустафо Шерализода низ ғолиб омада, сазовори ҷойи дуюм дар категорияи камарбанди хокистарранг дар вазни 30 кг гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






