«ИННОВАТСИЯ ДАР ТИБ — АЗ ИЛМ БА АМАЛИЯ». Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон конференсияи солонаи илмӣ-амалӣ доир шуд

Декабрь 1, 2023 16:24

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони  «Инноватсия дар тиб — аз илм ба амалия» конференсияи 71-уми солонаи илмӣ-амалӣ  доир шуд, ки дар он олимону табибони варзидаи ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб мешавад. Маҳз бо назардошти ҳамин омил дар донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани конференсияи «Инноватсия дар тиб — аз илм ба амалия» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Дар доираи конференсия 6 симпозиум ва 10 бахш доир шуд.

Аз ҷумла, Симпозиуми ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳони муосир; Иллатҳои ҳаракатӣ дар амалияи асабшиносӣ: бемории Паркинсон ва амсоли он; Моҳияти забони русӣ дар шароити маорифи бисёрзабонӣ ва фарҳанги мухталифи муассисаҳои олии тиббии Тоҷикистон; Ҳолати муосир ва дурнамои рушди фармакологияи клиникӣ;  Технологияи инноватсионӣ дар ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои соҳаи оториноларингология; Равишҳои инноватсионӣ дар пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи пасткунии омилҳои хавф. Таҷрибаи дигар давлатҳо.

Ҳамзамон дар бахшҳои он масъалаҳои мубрами ҷарроҳӣ, онкология, акушерӣ ва гинекология, масъалаҳои мубрами ҷарроҳии дилу рагҳо, ҷарроҳии пластикӣ, травматология ва нейроҷарроҳӣ ва ғайра  баррасӣ шуданд.

Дар бахши пленарии конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи давлатҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд, ки натиҷа ва баҳрабардории онҳо дар рушди соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа амалӣ мешавад.

Дар кори конференсия олимон ва ходимони сиёсии ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Чехия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Чин, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ сухан намуданд. Симпозиум ва бахшҳои конференсияро олимону устодони варзидаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмӣ роҳбарӣ намуданд.

Ҳамасола шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Соли равон шумораи онҳо 1364 ададро ташкил дод, ки 209 адади он аз давлатҳои  хориҷии дуру наздик мебошад. Дар симпозиум ва бахшҳои конференсия 338 маърузаи олимони хориҷӣ ва ватанӣ шунида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Декабрь 1, 2023 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ: «Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд