«НЕРУИ СУХАН». Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон доир мегардад

Декабрь 28, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон,  намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Озмуни «Неруи сухан» аз рӯйи номинатсияҳои зерин доир мешавад:

— «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ»
— «Беҳтарин барномаи телевизионӣ»
— «Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ»
— «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)»
— «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ»
— «Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ»
— «Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
— «Беҳтарин наворбардор /саҳифабанди нашрия»
— «Беҳтарин котиби матбуотӣ»
— «Рӯзноманигори соҳибмактаб».
оғоз гардидааст.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар шудааст.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.

Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода намудаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.
Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.

Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати  ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, Ҷоизаи “Неруи сухан”-ро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамон сол пахш ва ё нашр гардида бошад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 10 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим  мешавад.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 28, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид