НИЗОМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ҷорӣ намудани он тақозои замон буда, дар пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд

Декабрь 26, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 вобаста ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории молияи давлат чунин омадааст: «Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1 июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасонии давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд».

АМИТ «Ховар» иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз тарафи Вазорати молия, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа ва дигар сохтору мақомоти марбута баҳри дар амал татбиқ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ, моҳият ва манфиати ин тадбири молиявӣ, маърифатнокии аҳолӣ дар ин мавзуъ мавриди омӯзиш қарор дод.

Дар заминаи Паёми Сарвари давлат 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба  имзо расид, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Дар Фармони Президенти мамлакат омадааст, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок манъ карда шавад.

Банди 2-юми Фармони Президенти мамлакат Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳуриро уҳдадор намудааст, ки

а) инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд,

б) ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдиро ҷиҳати қабули хизматрасониҳои музднок то 1 августи соли 2023 таъмин намоянд,

в) бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ шавад;

г) якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Тавре аз Фармони Президенти мамлакат бармеояд, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, вазифадор шуданд, ки бо тартиби муқарраршуда якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.

Вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳоти Бонки миллии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расид. Гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, баҳри баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад, — омадааст дар шарҳи Бонки миллӣ.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, заруратро барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад, ки ин дар навбати худ боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.

Ба иттилои роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, натиҷаи таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон додааст, ки ташкилоти қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ амалӣ намоянд. Мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, ин набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳол он ки ин муаммоҳо дар давлатҳои ҳамсоя солҳои қаблӣ ҳалли худро ёфтаанд. Тибқи банди 5-и Фармон, чораҷӯӣ намудани ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардонидани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки тибқи Фармон то 31 декабри соли 2023 фаъол гардонида мешавад, инфрасохтори муҳимме хоҳад шуд, ки шаффофияти амалиёти пардохти хиззматрасонии давлатиро таъмин менамояд.

Давоми соли равон бо мақсади иҷрои босифати Фармони Президенти мамлакат ба якчанд қонунҳои амалкунанда дар робита ба ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Моҳи октябри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Мақсад аз  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи дар боло гуфташуда таъмини босифати иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мебошад.

Дар муҳокимаҳои парлумонӣ таъкид шуд, ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиёти молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин содагардонии раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими молиявию иқтисодӣ дорад. Бинобар ин, тибқи талаботи Фармони Президенти мамлакат, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии мамлакат механизми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Ҳамчунин  ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид шуд, ки тибқи он аз ин ба баъд маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилоти қарзии ­молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт мешавад.

Дар шароити муосир, ки рушди технологияҳо ва интернет босуръат идома дорад, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ як амали муқаррарӣ гардидааст. Аз як тараф, муомилоти нақдии воситаҳои пулӣ кам шавад, аз тарафи дигар, шаффофияти амалиёти молиявӣ таъмин мегардад. Барои муштариён раванди пардохт осон мегардад, ки ҳамчунин аҳамияти муҳими хизматрасонӣ дорад.

Давоми солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилоти қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш ёфтанд ва истифодаи воситаи муосири пардохтҳои электронӣ аз ҷониби аҳолӣ зиёд шудааст. Шумораи зиёди аҳолӣ дорои кортҳои пардохтӣ буда, барномаҳои махсуси бонкиро аз худ намудаанд ва тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо сокинони мамлакат ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд.

Эътироф бояд намуд, ки то ҳанӯз на ҳама аз ин дастовардҳои технологияи муосир самаранок истифода мебаранд. Илова бар ин маданияти истифодаи васеъ аз технологияҳои муосири пардохтӣ: хизматрасониҳои фосилавӣ, бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электронӣ то ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Дар ин самт аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар баробари ҳавасманд намудани муштариён, коҳиш додани ҳаққи хизматрасониҳо, татбиқи барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ҳамчунин зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатиро бештар намоянд.

Хуб аст, ки ҳоло дар натиҷаи фаъолияти ҳамоҳангшудаи вазорату идораҳо, кумитаҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ қабули пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ амалӣ  шуд ва имрӯзҳо пардохти якчанд андозҳо, раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, гармидиҳӣ ба таври ғайринақӣ амалӣ мешавад.

Дар баробари ин ашхосе ҳастанд, ки намехоҳанд ба ин раванд ҳамроҳ шаванд, зиёда аз ин дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ пули нақд пешниҳод менамоянд, ки ин боиси ба амал омадани омилҳои корррупсионӣ ва таъсиррасонии манфӣ мегардад. Ҳамин аст, ки чанд рӯз пеш ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардида, барои риоя нагардидани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шуд.

13 декабри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Зимни баррасии ин масъала таъкид  шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 августи соли 2023 тариқи ғайринақдӣ муайян шудааст.

Ба хотири пешгирӣ намудани пардохтҳои накдӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид  шуд, ки мувофиқи он барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъйиноти минбаъдаи он ба таври ғайринақдӣ супоридани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии шахсии пардохт бо ин мақсад ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ мешавад. Яъне, баъзе кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ дигар ҳуқуқ надоранд кортҳои бонкии шахсии худро ба шаҳрвандон пешниҳод намоянд.

Бояд ҳар сокини мамлакат дарк намояд, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бе истифодаи пули нақд бо кортҳои пардохтии бонкӣ, супоришномаҳои пардохтӣ, пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд