ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор беш аз 12 км роҳ мумфарш гардидааст

Декабрь 19, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат сокинону соҳибкорони деҳаҳои Лолагӣ, Обигармӣ ва Мавлонҷари Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор беш аз 12 километр роҳҳои байнидеҳавиро мумфарш намуда, мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

23 декабр дар шаҳри  Ҳисор  шанбегии умумишаҳрӣ эълон шудааст. Сокинони ин деҳаҳо дар робита ба он иқдоми ободониро пеша намуда, тасмим гирифтаанд, ки ду канори роҳи нав  мумфаршшудаи дохили деҳаҳоро бетонпӯш ва ҷӯйҳоро таъмир намоянд.

Бо ин мақсад пиру барнои деҳа ҳамарӯза ба ҳашар баромада, аллакай якчанд минтақаи роҳро бетонпӯш намуда, дар ҷӯйҳо новаҳои бетонӣ хобонидаанд.

Корҳои бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 19, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид