ҶОМИ КФО-2023/24. Пеш аз бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» дар шаҳри Душанбе ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад.
Дар остонаи баргузории ин рақобат дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулони бозӣ ва ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. Ноибчемпиони Тоҷикистон- дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо либоси сурх ва футболбозони дастаи «Алтин Асир» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.
Баъдан нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир гардид, ки дар он сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон Тоҳирҷон Муъминов, капитани бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Холмурод Назаров ва аз ҷониби дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев ва ҳимоятгар Сердар Аннаоразов иштирок намуданд.
Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ҳарду мураббӣ иброз намуданд, ки дастаҳояшон танҳо барои ғалаба мубориза мебаранд.
Ҷоми КФО-2023/24
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е». Даври 6
14 декабр (панҷшанбе)
Оғоз – соати 19:00
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






