«ПЕШГИРИИ ПАНДЕМИЯ, ҲИФЗИ СИСТЕМАҲОИ ОЗУҚАВОРӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ». Ҳайати Тоҷикистон дар Алмато дар ин ҷаласаи минтақавии сатҳи баланд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28-29 ноябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи минтақавии сатҳи баланд аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ доир ба «Пешгирии пандемия, ҳифзи системаҳои озуқаворӣ ва муҳити зист» доир гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласа зиёда аз 50 намоянда аз ташкилоти дахлдори тандурустӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва муҳити зисти Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчунин коршиносон ва намояндагони ташкилоти хориҷӣ иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҳайати корӣ иборат аз 8 нафар- аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ҷаласа нақшаи амалҳо дар доираи Барномаи «Солимии ягона дар Осиёи Миёна» дар самти пешгирии бемориҳои зоонозӣ, ҳифзи системаҳои озуқаворӣ ва муҳити зист баррасӣ гардид.
Дар сессияҳои пленарӣ муовини раиси Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод доир ба масъалаҳои пешгирии пандемия, омӯзиши бемориҳои зоонозӣ ва таъсири он ба ҳайвоноти хонагӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагони кӯчкунандаи фаромарзӣ ва самтҳои ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ сухан гуфт.
Дар фарҷоми ҷаласа дар доираи Барномаи «Солимии ягона дар Осиёи Миёна» бо иштироки муовинони раисони мақомоти давлатҳои Осиёи Миёна маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ доир гардид.
АКС: Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид






