Ширкати италиявии «Keios» сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати машваратии италиявии «Keios» Питер Низет ва ҳамроҳонаш мулоқот намуд. «Keios»- ширкати сайёҳӣ буда, ҳадаф аз омадани роҳбарияти он ба вилоят шиносоӣ бо имконияти сайёҳӣ мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, солҳои 2019-2021 дар мамлакат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд.
Дар ин солҳо инфрасохтори соҳа беҳтар шуда, барои ҷалби ҷаҳонгардон чораҳои муассир амалӣ гардиданд. Дар натиҷа шумораи сайёҳон зиёд шуда, ҳамасола садҳо ҳазор нафар маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистонро тамошо менамоянд.
Дар вилояти Суғд низ ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, шумораи зиёди ҷаҳонгардон ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Ашту Мастчоҳ меоянд.
Дар вилояти Суғд 45 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 225 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардидааст. Барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ шумораи зарурии меҳмонхона, осоишгоҳу марказҳои табобативу истироҳатӣ, лагерҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, осорхонаву зиёратгоҳ, ҷойҳои таърихӣ ва қадимӣ мавҷуд мебошанд.
Питер Низет ҳадафи ташрифашро ба шиносоӣ бо имконияти соҳаи сайёҳӣ ва амалишавии лоиҳаҳо дар ин самт рабт дода, таъкид намуд, ки дар оянда барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






