Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаи тезонидани бунёди марказҳои агрологистикиро баррасӣ намуданд

Декабрь 5, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбон Ҳакимзода бо мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фрауке Юнгблют ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тезонидани бунёди марказҳои агрологистикиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироат, инчунин дастгириҳо дар самти илм, аз ҷумла дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон имконияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содиротро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фрауке Юнгблют ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳову барномаҳо изҳор намуданд.

 АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст