Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикиро бояд донист

Декабрь 22, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо маҳсуб мешавад. Энергетика яке аз соҳаҳои муҳим ва калидии рушди  иқтисоди мамлакат  мебошад. Баргузории иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика  ва арҷгузорӣ нисбат ба кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисони неругоҳу шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, инчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии энергетикии мамлакат мебошад.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», муҳаррири библиографӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чанде қабл дар нашриёти «Ирфон» китоби  «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» нашр гардид.

Дар ин дастури илмӣ-амалӣ маълумоти ибтидоӣ дар бораи усулҳои  тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ  дар манзили истиқоматӣ, корхонаю ташкилот, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ташкилот, новобаста ба шакли моликияташон оварда шудааст. Аз ҷумла, маълумоти мухтасар дар бораи мафҳуми ҷараёни электрикӣ, тавлид ва тарзи интиқоли он ба ҳар хонадон ва корхона, доир ба занҷири электрикии одӣ ва ҷузъҳои он, сохти электрикии баъзе таҷҳизоти электрикии хона, маълумоти ибтидоӣ дар бораи кори манбаъҳои  барқароршаванда ва барқарорнашавандаи энергия, муҳофизакҳо ва ҳимоятгариҳои худкор (автоматӣ) гирд оварда шудаанд.

Зимни мутолиаи ин китоби илмӣ-амалӣ хонанда инчунин оид ба самаранок истифода бурдани  ҷараёнҳои электрикӣ, намуди  калидакҳо ва тарзи пайвасти онҳо, розеткаҳо, ченкунии электрикӣ, ҳисоботи хароҷоти электрикӣ, роҳҳои сарфа намудани энергияи электрикӣ, шакли кабелҳо, шнурҳо ва симҳои интихоб, пайваст ва истифодаи дурусти онҳо огоҳӣ пайдо менамояд. Ҳамчунин мафҳум оид ба қоидаҳои истифодаи неруи барқ, меъёр ва стандартҳои бехатарӣ ва дигар мавзуъҳои муҳими энергияи электрикӣ мундариҷаи асосии китоб ба шумор мераванд.

Вақтҳои охир системаи автомотии идоракунии истеъмоли энергия шакли оммавӣ гирифтааст. Моҳияташ дар он аст, ки дар хона таҷҳизот ва асбоби махсус насб мешаванд, ки масрафи қувваи барқ ва дигар амалиётро сабт менамоянд. Ҳамин асбоб боз имкон медиҳанд, ки  дар истеъмоли энергия ҷойҳои  «нозук» истифода шаванд. Масалан, термостатҳои барномарезишаванда имкон медиҳанд, ки энергия дар реҷаи сарфакорона масраф шавад. Бо ёрии онҳо  гармидиҳии хона ба танзим даромада, ҳавотозакунӣ бо функсияи назорати иқлим масраф гардад. Илова бар ин, дар баъзе таҷҳизоти энергетикӣ датчикҳои (қосидакҳои) рӯшноӣ ва ҳаракат истифода мешаванд, ки онҳо метавонанд шиддатро дар системаи пайваст танзим намоянд, ки ин низ ба сарфакорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Декабрь 22, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд