Вазорати тандурустӣ: Аз нимаи дуюми моҳи ноябр дар Тоҷикистон бемории мавсимии роҳҳои нафас, яъне зукоми А(Н3N2) сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ, аз нимаи дуюми моҳи ноябр дар Тоҷикистон бемории мавсимии роҳҳои нафас, яъне зукоми А(Н3N2) сабт шудааст. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми беморӣ ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиб муроҷиат намоянд. Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки аз соли 2022 дар Тоҷикистон гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. «Аз давраи КОВИД то ҳол дар мамлакат 17 озмоишгоҳ барои ташхиси ин навъи вирус таъсис ёфтааст. Ҳамзамон барои муайяннамоии он дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат тестҳои ташхисӣ мавҷуд ҳастанд. Тибқи таҳлили озмоишгоҳӣ, беморие, ки дар айни замон сокинон ба он дучор шудаанд, зуком мебошад»,-гуфт ӯ.
Мавсуф иброз дошт, ки бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас оризаҳои тақрибан якхела доранд. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ дар бархе одамон ҳарорати бадан баланд мегардад, дар мушаку буғумҳо дард пайдо мешавад, аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашанд, оби биниашон зиёд меравад, димоғ маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос мешавад.
«Аз ин лиҳоз ҳар шахс бояд барои ҳифзи саломатии худ ва наздикон кӯшиш намуда, ҳангоми зуком ниқоб пӯшад, то дигаронро гирифтори беморӣ насозад. Сокинони мамлакат, пеш аз ҳама, бояд масунияти (иммунитети) худро баланд бардоранд, ки онро метавон бо истемоли ғизои солим, яъне истеъмоли меваҷот баланд намуд. Ҳамзамон ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми беморӣ зиёдтар оби ҷӯшидагӣ нӯшанд, ки он баданро аз вирус ҳимоят менамояд»,-гуфт ӯ.
Бояд тазаккур дод, ки сардшавии ҳаво дар бисёр ҳолат боиси пайдошавии бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, бемории илтиҳоби гулӯ, бемориҳои илтиҳоби ковокиҳои димоғ, илтиҳоби найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас ва илтиҳоби шушҳо мегардад. Чунин бемориҳо бо зуком оғоз гашта, ба пайдоиши дигар бемориҳо замина мегузоранд.
Тавре директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова иброз дошт, бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки ба тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, намнокӣ рабт дорад, бемориҳои музмин ва зуком хурӯҷ менамоянд. «Дар баробари авҷи бемории зуком бемориҳои мавсимӣ, ба монанди дарди сар, хастагӣ, хоболудӣ, касалиҳои вирусии роҳҳои болоии нафас, систит, бемориҳои системаи мушакҳо, ҳассосияти пӯст ва афзоиши вазн низ ба мушоҳида мерасанд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
«Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории мавсимӣ- ин системаи заифи иммунитет мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд тамоми сол барои саломатии худ ғамхорӣ намояд: аввалан бояд маҳсулоти табиӣ интихоб ва ғизои солим истеъмол намояд, дуруст истироҳат ва варзиш намуда, фаромӯш насозад, ки дар ҳаёт омилҳои зиёди берунӣ мавҷуд ҳастанд, ки системаи масуниятро пайваста заиф менамоянд»,-гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Парвина Мухторова, зуком бемории вирусӣ буда, давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад. Хавфи асосии ин беморӣ дар оризаҳояш мебошад. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро отит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зуком мебошанд, ки метавонанд шакли музмин гиранд. «Зуком бештар дар ҳавои намӣ — фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд ва барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ маҳсулоте, ки дар он бештар витамини С мавҷуд аст, тавсия дода мешавад», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба тавсияи мутахассис, агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бо он мубориза мебарад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани тасфи бадан доруи ҳароратпасткунанда ё дигар доруҳои таркибашон дорои паратсетамол барои кӯдакон ба миқдори 10 мг ба 1 кг вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг дар як рӯз 3 — 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан зарур аст.
Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки ҳар шахс бояд дар хотир дошта бошад, ки афсурдаҳолӣ ва асабоният метавонанд сабаби мушкилоти саломатӣ дар тирамоҳ бошанд. Тавре мегӯянд, саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.«Аз ин рӯ, шумо бояд бо руҳияи мусбат зиндагӣ намуданро ёд гиред ва аз ҳаёт лаззат баред. Ва муҳимтар аз ҳама, бидонед, ки мушкилии мавсимии саломатӣ метавонад муваффақона ҳал шавад, агар шумо сабаби пайдоиши онро сари вақт фаҳмед», -таъкид намуд мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ, дигар нуктаи муҳим- ин тағйир додани ғизо дар ин мавсим аст. Агар дар фасли тобистон одамон асосан нӯшокиҳои ташнагишикан ва хӯроки сабуки камравған истеъмол менамуданд, дар зимистон маводи серғизо ба бадани инсон фоидаи хуб дорад. Омили дигар- ин тағйири реҷаи рӯз, машқҳои варзишӣ ва истироҳату фароғат аст. Хурӯҷ намудани бемориҳои мавсимӣ асосан аз риоя нанамудани ҳамин талабот ва реҷаи рӯз маншаъ мегирад.
Мутахассис тавсия медиҳад, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини шамолкашӣ ҳатман шахс бояд лимӯчойи гарм нӯшида, бегоҳ пойҳояшро 10-15 дақиқа дар оби гарм гирад ва ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






