Занони ҳунарманди Тоҷикистон дар нашрияи USAID Tajikistan муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Занони ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти ҳунармандияшон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузоштааст, дар нашрияи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) USAID Tajikistan таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ» муаррифӣ шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба таври расмӣ нашрияи рақамӣ ва чопиро таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ: Саёҳат дар байни маҷмуи тасвири ҳунарҳо» оғоз намуд. Дар ин маҷмуа ашёи аҷибе оварда шудаанд, ки аз ҷониби 50 зани ҳунарманди Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон истеҳсол шудаанд. Ин иқдом ҳунари барҷастаи онҳоро ба ҷаҳониён нишон медиҳад ва ба онҳо имконияти нави тиҷоратиро мекушояд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод намудани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд.
Ҳунармандони моҳири тоҷик дар ҳама давру замон усулҳои бадеиву техникӣ, наққошӣ, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки ин ба пешрафти зиндагиашон мусоидат менамуд.
Инчунин ҳунарҳои қадимии ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд. Ҳунарҳои мардумӣ барои наслҳо сарчашмаи зебоӣ, рамзи таърихӣ, ифтихор ва ҳувият буда, мероси ғанӣ ва анъанаҳои ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Онҳо ҳомии анъанаҳои қадимӣ, аз ҷумла ҳунари мураккаби қолинбофӣ ва нассоҷӣ, гулдӯзӣ, абрешимбофӣ, кандакорӣ дар чӯб, коркарди филизот, сафолӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






