25 СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН. «Садои Душанбе» яке аз маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон аст

Январь 18, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Радиои «Садои Душанбе» 25 сол пур шуд.

Радио дар ҳақиқат воситае аст, ки дар замони муосир ҳамчун рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Шабакаи «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав аз рӯзҳои аввал тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад ва имкониятро барои интихоби мавҷ ба шунаванда фароҳам биорад. Дар баробари ин таваҷҷуҳ намудан ба мушкили иҷтимоии мардум ва бозгӯйи воқеоти рӯзгори онҳо маҳбубияти шабакаро баланд намуд.

Беҳтарин барномаҳои он солҳо, ки то ҳол кормандон ва шунавандагони ҳамешагии радио аз онҳо ёдоварӣ менамоянд, «Сиёҳу сафед», «Ҳафт ахтар», «Арзу тӯли иқтисод», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Хонавода», «Мизон», «Ангеза», «Интизорӣ», «Дугонаҳо», «Зиндагии паси саҳна», «Ошиқони Хуршед», «Дурахши ситораҳо» ва ғайра мебошанд.

Тавре Сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе» Фирӯз Каримзода иброз намуд, «имрӯз низ дар шабакаи «Садои Душанбе» барномаҳои ҷолибу шуниданӣ хеле зиёд мебошанд. Шуниданӣ ба он далел, ки мухлисон ба ин ё он восита дар барнома иштирок менамоянд, савол медиҳанд, назарашонро пешниҳод месозанд ва роҳи ҳалли мушкилашонро аз барномаҳо меҷӯянд.

Барномаҳои «Чашми дил» ва «Гар дасти фитодае бигирӣ»  равшанзамирону дигар гурӯҳҳои маъюбу эҳтиёҷмандро ба зиндагӣ дилгарм сохтанд. Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрӯз пайи иҷрои рисолати асосии худ — расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қарор дорад. Барномаҳои «Муошират», «Нигоҳи рӯз», «Асри дақиқ», «Ҳадиси зан» , «Ҳадаф», «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», «Муждаҳои истиқлол», «Навои дилошӯб», «Муъҷизаи савту наво», «Мадади Сино», «Ҳамсадо», «Базми хусравонӣ», «Барги сабз», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Сарзамини ҷовид», «Ҳунар аз молу мероси падар беҳ», «Хабар», «Бахши русӣ», «Ҷаҳони футбол», «Фирдавс инҷост», «Ҷилои ҳунар», «Дунёи ҷавонӣ», «Тоҷикистон», «Аз ҳавас то фоҷеа», «Сиришт» ва ғайра маҳсули эҷоди онҳо аст».

Ҳайати эҷодӣ ва техникии шабака тасмим гирифтааст, ки соли 2024 лоиҳаҳои зеринро пешниҳоди сомеон гардонад: “Мулоҳиза”, “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст”, “Рӯзгори рӯзноманигор”, “Мо ва табиат”, “Ҳафт рӯзи Душанбе”, “Махзани маънӣ”, “Неру”, “Асри дақиқ”, “Хандасаро”, “Чароғи хонадон”, “Набзи пойтахт”, “Маърифати шаҳрвандӣ” ва ғайра…

Фаъолияти пурмаҳсули кормандони шабака дар сомона — sadoidushanbe.tj сабаби он гардид, ки «Садои Душанбе» соли 2021 дар озмуни шаҳрии Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ соҳиби мақоми дуюм, диплом ва ҷоиза гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд