25 ЯНВАР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ. Дар Тоҷикистон ба беш аз 34 ҳазор ниёзманд хизмат расонида мешавад

Январь 25, 2024 13:05

ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 25 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шудааст. Бо ин мақсад имрӯз дар пойтахт   ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бо иштироки кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамоиш ва дигар барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии  шаҳрвандон, хусусан шахсони ниёзманд нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла кормандони шуъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ масъулияти хеле баландро бар дўш доранд. Онҳо ба хонаҳои нафарони бекасу танҳо рафта, дар пўхтани хўрок, тамиз намудани хона, расонидани нафақапўлӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ, харидани дору ва дигар корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонанд, ки ин кори басо пурмасъулият мебошад. Зеро ин нафарони ниёзманд ба ғайр аз таъминоти иҷтимоӣ,  ба меҳру муҳаббат, дилсўзию рўҳбаландсозӣ ва  меҳрубонӣ ниёз доранд.

Аз тарафи шуъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона ва марказҳои минтақавӣ барои пиронсолон ва маъюбони ҷумҳурӣ  ҳамагӣ ба зиёда аз 34 051 ниёзманд хизматрасонии гуногуни иҷтимоӣ пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, низоми функсионалии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 226 ташкилоту муассиса ва хадамоти иҷтимоӣ иборат буда, дар умум дар он зиёда аз 4008 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумора, 319 нафар хизматчиёни давлатӣ, 753 нафар кормандони маъмурӣ, 1337 нафар кормандони иҷтимоӣ, 590 нафар кормандони техникӣ, 52 нафар корманди тариқи шартнома фаъолиятдошта ва 957 нафар дигар категорияҳо мебошанд.

Мавриди тазаккур аст, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Зеро низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, мақсад ва вазифаҳои он ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона шудааст.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои статсионарӣ ё будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1266 нафар бошандагон (нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 — 67 нафар зиёд), ки аз ҷумла 701 мард, 477  зан буда, аз инҳо 88 нафарашон кӯдакони маъюб мебошанд. Маъюбони аз 18-сола болои  гурӯҳи I – 286  нафар, маъюбони гурӯҳи II – 628  нафар, маъюбони гурӯҳи III — 9 нафар мебошанд. Давоми соли 2023   317 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардида, 57 нафар  фавтидаанд.

Дар ин муассисаҳо 14 ятими кулл, 31 нимятим ва 43 нафар аз оилаҳои камбизоат дар таъминоти давлатӣ қарор доранд. Ҳамзамон имсол 91 бошандаи муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавӣ ба муҳити оилавӣ баргардонида  шуд.

Ба бошандагони муассисаҳои будубоши доимии ҳифзи иҷтимоӣ 713 корманд хизмат мерасонад, ки аз онҳо 41 нафар табиб, 112  нафар корманди миёнаи тиб, 8 нафар корманди иҷтимоӣ ва 248 нафар парастор мебошанд.

Дар 59 марказ давоми сол ба 180 навраси маъюб касбҳои дӯзандагӣ ва кор бо компютер  таълим дода шуд. Инчунин барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта 23 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият намуда, 304 корманд ба 1454 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 454 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмати иҷтимоӣ расониданд.

Дар баробари ин 2 маркази дигар барои қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зўроварӣ дар оила дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтару Кӯлоб фаъолият доранд, ки давоми сол ба 524 нафар (аз онҳо 44  кӯдак) хизмати тавонбахшӣ ва равонӣ расонида эҳтиёҷмандонро бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин намуданд. Таҳти сарпарастӣ ва маблағгузории Агентӣ 3 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои шахсони дорои бемории ВНМО ва сил дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат фаъолият намуда, давоми сол 389 нафар бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шуд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат амалӣ гардида, бо маром идома дорад.

Дар баробари ин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2022, аз 1 июли соли 2023 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ зиёд шуда, барои як оилаи камбизоат дар ҳаҷми 9 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар кўдак ташкил дода, ҳар семоҳа пардохт  мешавад.

Маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ соли 2023,  дар маҷмуъ 154 299 447,00 сомониро ташкил дода, ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат — 148 473,100 сомонӣ ва нақшаи фарогирии оилаҳои камбизоат 238 027 оила мебошад. Дар маҷмуъ ба 229 748 оилаи камбизоат кумакпулӣ пардохт гардидааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2024 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд