Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро бо 450 ҳазор доллар қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ “Ховар”/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футболро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бомуваффақият ҳунарнамоӣ дорад, қадрдонӣ намуданд.
АМИТ “Ховар” бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзии тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи зарбаҳои 11-метра) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.
Ҳамчунин дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар Урдун барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.
Инчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби мамлакат 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ менамояд. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
АКС аз бойгонӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






