Адям Кузяев: «Тоҷикистон имкон дорад дар Ҷоми Осиё боз ҳам пеш равад»

Январь 30, 2024 14:04

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Адям Кузяев, падари нимҳимоятгари дастаи «Гавра» Далер Кузяев дар сомонаи Euro-football.ru дар бораи натиҷаи дастаи миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори назар намудааст.

«Ман хеле шодам, ки Тоҷикистон ба чорякфинал баромад. Тавре мегӯянд, иштиҳо ҳангоми ғизохӯрӣ меояд, ба бачаҳо ғолиб омадан маъқул шуд. Онҳо бо ҳам наздик мешаванд, омодагӣ мегиранд, имкони минбаъд ғалаба намудан мавҷуд аст», — иброз дошт собиқ футболбоз дар мусоҳиба бо Euro-football.ru.

Ёдовар мешавем, ки 28 январ дар Қатар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (дар вақти асосӣ 1:1) пирӯз шуд.

Ҳамчунин Адям Кузяев гуфт, ки роҳбарияти мамлакат  барои рушди футбол дар Тоҷикистон маблағ ҷудо менамояд. Зимнан иброз гардид, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон қодир аст ба даври нимниҳоии мусобиқоти қитъавӣ барояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2024 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд