Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Январь 12, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 гуфта буданд: «Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр намудани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ шаванд. Масалан, таъсис додани Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад. Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Фикр мекунам, ки ин тадбир минбаъд обрӯи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардоранд».

Оид ба таъсис додани Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон кадом тадбирҳо амалӣ шудаанд, АМИТ «Ховар» дар гузоришҳои минбаъдаи худ иттилоъ медиҳад.

Давоми ду ҳафтаи сипаришуда аз соли нави мелодӣ нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ» ва дигар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ба хонандагон матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро  бознашр намуда, ҳамчунин дар ҳошияи ин санади раҳнамои Пешвои миллат  андеша ва мулоҳизаҳои одамони гуногункасб, олимон, донишмандон, занону  ҷавонон, мутахассисони соҳаҳои хоҷагии мамлакатро дар шакли мақола чоп намудаанд.

Ҳамчунин дар шумораҳои якум ва дуюми нашрияҳои давлатӣ ва соҳавӣ матни як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расидаанд, аз ҷумла Қонун «Дар бораи фарҳанг», Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ чоп шудаанд. Иттилоъ дода шудааст, ки қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа равона шудаанд. Дар саҳифаи матбуоти даврӣ фармонҳо ва амрҳои Президенти мамлакат дар бораи эълон шудани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия, баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ба нашр расидаанд.

Нашрияи «Ҷумҳурият» аз 11 январи соли 2024 оид ба мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан хабари расмӣ чоп намудааст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои давлатҳо арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур  шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар намудани ин раванд иброз доштанд. Дар хабар омадааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ намуданд.

Дар ҳамин шумораи нашрия мақолаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо сарлавҳаи «Ҳамгироии илм ва маориф — омили муҳими рушди устувор» ва гузориши мухбири нашрия бо сарлавҳаи «Истеҳсоли пахта, ангур, моҳӣ, асал кам гардид» пешниҳоди хонандагон шудаанд. Тавре аз гузориши хабарнигори нашрия бармеояд, дар Вазорати кишоварзӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, сарраёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид ва натиҷаҳои фаъолияти кишоварзони мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 8 январи соли 2024 оид ба ҷараён ва натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон гузориши муфассал нашр намудааст.

Зимни сафари расмӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон   Алиризо Зоконӣ баргузор гардиданд.

Хотирнишон менамоем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид. Аз ҷумла,

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муованати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва фановарӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.

Санадҳои нави ҳамкорӣ ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон мусоидат менамоянд.

Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ чорабинию муколамаи судманд баргузор гардида, зимни онҳо якчанд созишномаву шартномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон низ ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имконияти дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд. Дар маҷмуъ, бо амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар назар аст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»