БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонию роҳсозӣ вусъат меёбанд

Январь 6, 2024 10:55

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои  ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду навсозии  роҳҳои маҳаллӣ  идома доранд. Аз ҷумла, бо ин мақсад 6 км роҳи деҳаи дурдасти Хуми Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода қумфарш гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Сокинони ин маҳалла иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукуҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар тоҷкистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузорад.

Бояд гуфт, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба сазовар пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар шаҳри Турсунзода вусъати тоза пайдо намудаанд.

Масъулин талош доранд, ки иншооти гуногуни нақшавиро то муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Работ низ бетонпӯшкунии роҳҳо идома дошта, масъулин муваззаф шудаанд, ки корҳоро дар ин самт босифат анҷом диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 6, 2024 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд