Ба Маркази саломатии ноҳияи Ховалинг 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид

Январь 20, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст соли 2023 аз тарафи Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» ба Маркази саломатии ноҳияи Ховалинг, ки дар он шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ амал менамояд, 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид.

Дар ин хусус муовини сардухтури Маркази саломатии (КАТС) – и ноҳияи Ховалинг Камол Хайруллозода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Номбурда, аз ҷумла гуфт, ки мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ замонавӣ буда, дохилашон бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло дар Маркази саломатии ноҳияи Ховалинг 4 мошини ёрии таъҷилӣ дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта, дар хизмати мардум мебошанд. Алҳол дар тобеъияти Маркази саломатии ноҳия 34 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ қарор доранд.

Соли 2023 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунгоҳҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва мизу курсиҳои замонавӣ таъмин гардиданд.

Инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи ноҳия дар ду деҳаи Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг бунгоҳи саломатӣ бо тамоми таҷҳизот мавриди истифода қарор дода шуд.

Алҳол дар Маркази саломатии ноҳия 12 духтури маълумоти олидор фаъолият намуда, ба беш аз 62 ҳазор сокинони ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд