БАХШИДА БА 35‐СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Корҳои таҷдиду навсозӣ дар роҳи мошингарди мавзеи Барсеми Шуғнон вусъат меёбанд

Январь 15, 2024 16:28

ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35‐солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди мавзеи Барсем корҳои сохтмонӣ бо мароми тоза идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Иттилоъ дода мешавад, ки ин қитъа соли 2015 бар асари фаромадани сел дар деҳаи Барсем хароб гардида буд. Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ бо ҷалби мутахассисони соҳаи роҳсозии ватаниву чинӣ ва коргарони маҳаллӣ бомаром пеш мераванд.

Фармоишгари ин қитъаи роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, арзиши лоиҳавии иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 31 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки зиёда аз 3 км роҳ дар асоси талаботи роҳсозӣ бо паҳноии 12 метр барои ҳаракати ду самти нақлиёти автомобилӣ бунёд гардад. Барои таъмини бехатарии ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ дар ин самт сохтмони долонҳои муҳофизатии зиддитармавӣ дар масофаи зиёда аз 500 метр ва пули мошингард бо дарозии беш аз 80 метр ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, марҳилаи татбиқи пурраи лоиҳа 900 рӯз пешбинӣ шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 15, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд