БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар кӯли шаҳрии Бӯстон корҳои ободониву созандагӣ идома доранд

Январь 6, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои  ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон бо вазъи имрӯзаи  кӯли шаҳрӣ шинос шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Зимни шиносоӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободониву тозагии атрофи кӯл, шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ, гузаронидани корҳои сабзазоркунӣ, таъмир ва рангубори панҷараҳои атрофи кул, барқарорсозии пояҳои равшанидиҳанда, сафолакпӯш намудани роҳравҳои атрофи кӯл ва дигар тадбирҳои барқарорсозӣ ба масъулини шуъбаи сохтмони асосӣ, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахшҳои меъморию шаҳрсозӣ ва ҳифзи муҳити зист дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити хубу мувофиқ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон моро зарур аст, ки барои ҳалли тадбирҳои гуфташуда ҳарчӣ бештар ҷаҳду талош намуда, ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои назаррабои шаҳр табдил диҳем.

Барои барқарор ва таъмирсозии пойгоҳҳои обкашии назди кӯл, дарёфти роҳҳои воридкунии оби иловагӣ ва тозагии оби кӯл масъулин  вазифадор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Январь 6, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд