Дар Ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Регар ва 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад

Январь 11, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбарияти шаҳри Турсунзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Регар ва 10-солагии Истиқлолият шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нуристони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар заминаи Муассисаи таълимии №111  10 синфхонаи таълимӣ бо фарогирии 480 хонанда дар ду баст сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу  сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт. Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 11, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд