Дар Бохтар бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласа баргузор гардид

Январь 13, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки дар маҷмуъ рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон таъмин гардад ва ҷиҳати беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум широит фароҳам оварда шавад.

Татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёду ба истифода додани иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши маҷмуи маҳсулот мусоидат намуд.

Аз ҳама нишондиҳандаи баланди рушд дар вилоят ба соҳаи кишоварзӣ марбут дониста мешавад.


Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масъулини дахлдорро ҷиҳати  иҷрои саривақтӣ ва босифати  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуд.

Таваҷҷуҳ ба истифодаи пурраи имконияти табиии вилоят, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёду барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ҷалб шавад.

Ҳамчунин дар ин рӯз Озмуни «Хона, маҳалла, деҳа, ҷамоати шаҳрак ва деҳот, ноҳия ва шаҳри беҳтарин»- дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд