Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд

Январь 19, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» — таҳти ин унвон  дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷамъомад ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Марказ бахшида шуда, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, сафирони фавқулода ва мухтори мамлакатҳои аъзо иштирок ва сухан намуданд.

Таъкид гардид, ки дар муддати се соли фаъолият Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байни давлатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» саҳми арзанда гузошта, ба он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар робита ба ин изҳори умедворӣ гардид, ки татбиқи минбаъдаи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак аз ҷониби Марказ, аз ҷумла дар самти фарҳангию гуманитарӣ ба тарғиби мероси бойи таърихию фарҳангии давлатҳои аъзои созмон такони иловагӣ мебахшад ва ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар фазои Авруосиё мусоидат менамояд.

Дар ҷамъомад барномаи консертии «Даҳ нотаи ҷодувона» бо иштироки ҳунармандони ҷавону соҳибистеъдоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Академияи идоракунии давлатӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 19, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд