Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ба истифода дода шуд

Январь 6, 2024 11:29

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар расми ифтитоҳи майдон барномаи бошукуҳи варзишӣ, намоиши дастовардҳои варзишгарони ин муассисаи таълимӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар майдони варзишӣ шароити мусоид барои тамрин, машғул шудан ба навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол ва баскетбол муҳайё шудааст. Омӯзгорону донишҷӯён аз ин ба баъд имкон доранд дар ин майдони варзишӣ мусобиқаҳои гуногунро доир намоянд.

Бунёди майдони варзишӣ агар аз як ҷониб имкони хуб барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ бошад, аз ҷониби дигар ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар байни ҷавонону наврасон мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Январь 6, 2024 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад