Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масъалаи рафъи фаврии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар соли 2024 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ барои соли 2023 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки соли 2023 кормандони Кумита тавонистанд сари вақт ба аҳолии зарардида ёрии ҳамаҷониба расонида, иқтидори техникии кумита ва сатҳи касбии кормандонро баланд бардоранд. Ҳамзамон дар ҷаласа тавсеа ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки ин натиҷаҳо тавассути кори фаъолона ба даст омаданд, ки дар он на танҳо кормандони кумита, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд. Бо шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили ҳамкорӣ кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида сари вақт расонида шуд. Ҳамчунин бо истифода аз таҷҳизоти махсуси кумита барои анҷом додани корҳои соҳилбандӣ маводи зарурӣ сари вақт ирсол гардид.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани кор дар самти рафъи фаврии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар соли 2024 бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бояд ҳамкориро тақвият бахшид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид






