Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони беш аз 309 гектар таъсис дода шудааст. Дар айни замон дар ин минтақа 7 субъект сабти ном шудааст.
Корхонаи истеҳсоли филтрҳои ҳавоӣ ва равған барои мошинҳо аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик алмос» ба истифода дода шуда, дар он 18 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 7 шартнома ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонид.
АКС аз манбаъҳои боз








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»






