Дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ифтитоҳ гардид

Январь 5, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, воқеъ дар деҳаи Сангдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддини Шоҳин ҳанӯз соли 1960 таъсис ёфта буд. Дар гузашта дар муассиса толори варзишӣ, фарҳангӣ, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол мавҷуд набуд. Ҳамаи деворҳои муассиса аз лой сохта шуда, дар масоҳати ниҳоят хурд ҷойгир гардида буд.

Дар ин муассиса бо назардошти афзуншавии теъдоди хонандагон ба 240 нафар ва рӯ ба афзоиш доштани шумораи аҳолии деҳа, ки ҳоло 2607 нафарро ташкил медиҳад, зарурат пеш омад, ки муассисаи нав сохта шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аз тарафи фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушди Осиё бо маблағгузории Бонки рушди исломӣ соли 2022 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ ва рангубори муассиса ба итмом расонида шуд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷой дар як баст, дар масоҳати 2,5 га бино гардидааст. Дар он ҳамагӣ 11 синфхона, аз ин 4 кабинети фаннӣ (компютер, физика, химия), ки бо тахтаҳои электронӣ ва воситаҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, синфхонаҳои технологияи меҳнат барои писарон ва духтарон, утоқи кории директори муассиса бо қабулгоҳ, утоқи корӣ барои муовинони директор ва утоқи алоҳида барои муҳосибот мавҷуд мебошанд.

Муассисаи таълимӣ инчунин бо буғхонаи бо назардошти технологияи ҳозиразамон бо ангишт фаъолияткунанда, ки дар фасли зимистон имкони гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад, таъмин шудааст.

Дар саҳни муассиса майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол омода шудаанд. Саҳни муассиса сафолакпӯш ва гулкорӣ шуда, дар масоҳати 320 м2 алафҳои ҳамешасабз, 80 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудаанд.

Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро ба хониши аъло ва таълиму тарбияи босифат даъват намуд. Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар мегузоранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 5, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад