Дар таътили зимистона дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи каратэ-до баргузор шуд

Январь 7, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар таътили зимистона дар Қасри варзишии ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии  шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ аз намуди каратэ-до баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусобиқа дар таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он зиёда аз 150 варзишгар байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамбасти мусобиқа таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаоммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди каратэ-до ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад

Дар хатми мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 7, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд