Дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба маблағи 58 млн доллар дар амал татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зери сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) Лоиҳаи грантии «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба маблағи 58 млн доллар татбиқ мегардад, ки ҳадаф аз он беҳтарсозии вазъи соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки мақсади асосии татбиқи ин лоиҳа беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ буда, татбиқи он асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷалолуддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Левакант ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи Лоиҳаи «Обтаминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» моҳи октябри соли 2023 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи обкашӣ, воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо татбиқи ин лоиҳа 40 деҳаи ноҳияи Восеъ бо шумораи 155 ҳазор нафар аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Соли 2023 аз шумораи 10,2 млн аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз ё 741 676 нафар бо оби нӯшокии мутамарказонида таъмин шуданд, ки нисбат ба соли 2018 1 млн 618 ҳазор нафар зиёд буда, суръати афзоиши он 6,3 фоизро ташкил медиҳад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






