Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт-соат неругоҳи офтобии барқӣ ба истифода медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» татбиқ гардида, бо ин мақсад ҳоло насби неругоҳи офтобии барқӣ бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз идома дорад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки ин неругоҳ дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкати ватании ТГЭМ ба даст омадааст. Дар айни замон корҳои насбу васли таҷҳизоти неругоҳ дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуд.
Дар донишгоҳ зиёда аз 20 дарси онлайнӣ бо донишгоҳҳои дохил ва хориҷи мамлакат гузаронида шудааст. Дар айни замон дар донишгоҳ 33 донишҷӯи хориҷӣ аз Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар самтҳои мухталиф таҳсил доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






