ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия ду бозии санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Давҳа баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 дар Анталия ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ мегузаронад. Дастпарварони Мубин Эргашев дар Туркия ду рақобати санҷишӣ доир намуданд.
Дастаи олимпии мо дар бозии аввал бар бошгоҳи «Аланяспор»-и Туркия бо ҳисоби 1:0 ғалаба намуд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Москва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз як бозии санҷишии дигар баргузор менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






