ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ҳонгконг бозии санҷишӣ доир менамояд

Январь 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абузабӣ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Ҳонгконги Чин  мебошад, ки чанде пеш бар дастаи миллии Чин (2:1) ғалаба намуд. Вохӯрии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ дар Абузабӣ баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Бозӣ пушти дарҳои баста доир шуда, ба эфир дода намешавад. Тибқи муқаррарот, мураббиён метавонанд давоми бозӣ миқдори номаҳдуди бозигаронро иваз намоянд, аз ин рӯ натиҷаи рақобат дар рейтинги ФИФА ба инобат гирифта намешавад.

Қобили тазаккур аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад