Хадамоти алоқа: Баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G бояд то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб шавад

Январь 31, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷкистон баҳри пурра таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G бояд то 8 ҳазор истгоҳи базавӣ насб шавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, дар ин самт аллакай корҳо оғоз гардида, хадамот бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли 2023 аз ҷониби Хадамоти алоқа 1054 истгоҳи базавӣ насб гардида, 500 километр хати нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу амалӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайваст ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 7,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 4,8 миллион нафари он муштариёни фаъол мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони  интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн нафарро дар бар мегирад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд