Хадамоти алоқа: «Мо ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқаи мобилӣ роҳ намедиҳем»

Январь 25, 2024 15:22

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён иқдоми баланд бардоштани арзиш ва нархи тарофаҳоро аз ҷониби операторони алоқаи мобилӣ ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор намудани ин иқдом даъват намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.

Тавре шаҳрвандон огоҳ ҳастанд, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд. Чунин амали операторони мобилӣ дар ҷомеа, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфӣ ба бор овард.

Хадамоти алоқа дар изҳороташ чунин меҳисобад, ки ин иқдом ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасонии мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳим ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод менамояд.

Аз ин рӯ ба маълумоти тамоми муштариён мерасонем, ки Хадамоти алоқаи мамлакат ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқаи мобилӣ роҳ надода, тамоми имконияти иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корҳо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасонии алоқаи мобилӣ равона менамояд.

Бинобар ин, аз муштариёни алоқаи мобилӣ хоҳиш  мешавад, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодаи тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2024 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад