«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таассуроташро аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ва ҷалби тамоми кормандони Академияи миллии илмҳо ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас дод.
Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тибқи салоҳдиди Президенти Тоҷикистон ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошта шудааст. Ҳайати кориро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур кӯшиш ба харҷ диҳад.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Баргузории озмун дар солҳои 2021-2023 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, ин ба дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Бояд гуфт, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 инчунин озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешаванд.
Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон – Ватани азизи ман»- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомии инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат доир мегардад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






