ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд

Январь 23, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин дар Давҳа байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»—и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона  ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.

Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Осорхонаи миллӣ ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар дар соҳаи осорхонашиносӣ тавсеа ёбад.

Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо метавонанд бозомӯзии мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ (осори коғазӣ, филизӣ, чӯбӣ, гаҷӣ, наққошӣ ва ғайра), нашри феҳристи осори миллӣ, роҳнамои осорхонавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани толорҳои экспозитсионӣ бо аудиогидҳо бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва баргузории намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар бо иштироки Сарони давлатҳо аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 23, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад