ЛАҲЗАИ ТАЪРИХӢ ВА ҒАЛАБАИ АРЗАНДА! Пирӯзии навбатии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар сархати сомонаҳои варзишии ҷаҳон қарор гирифт

Январь 29, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ  додем, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро аз рӯйи натиҷаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:3 (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.

Ин пирӯзии Тоҷикистон дар сархати сомонаҳои варзишии ҷаҳон қарор гирифт.

Аз ҷумла, агентии Рейтер таҳти номи «Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт» аз ғалабаи дастаи мунтахаби давлати мо хабар дода, навиштааст, ки дар таърихи Ҷом Тоҷикистон пас аз Австралия (соли 2007) дуюмин навомад (дебютант) аст, ки ба даври ¼-ниҳоӣ баромад.

«Тоҷикистон ҳамчун навомади Ҷоми Осиё дар роҳи расидан ба орзуяш то чӣ андоза пеш меравад?», — навиштааст Шабакаи байналмилалии варзишии амрикоии «ESPN».

Дар идома тазаккур додааст, ки Тоҷикистон ба унвони навомад дар Ҷоми Осиё-2023 аллакай бо роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ аз ҳама интизориҳо гузашта буд.

«Ҳатто бо он ки бори аввал Тоҷикистон дар майдони бузургтарини футболи Осиё ҳунарнамоӣ менамояд, аз чизе ҳарос надорад, — омадааст дар хабар. — Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то куҷо ба муваффақият ноил мешавад, вақт нишон хоҳад дод, аммо набояд дар тааҷҷуб буд, агар онҳо воқеан бовар доранд, ки  метавонанд тамоми роҳро тай намоянд».

Шабакаи телевизионии байналмилалии Фаронса «France24» бо инъикоси пирӯзии дастаи мунтахаби мамлакати мо навиштааст, ки баъд аз роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ барои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маҳдудият вуҷуд надорад.

Калонтарин рӯзномаи Миср «Ahram Online» навиштааст, ки Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба Австралия дар ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таърих менависад.

«Тоҷикистон таърих месозад ва ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт», — навиштааст сомонаи дигари варзишӣ.

Ёдовар мешавем, ки 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол мулоқот намуданд.


Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар мамлакат, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами мамлакатро дар арсаи олам баланд бардоранд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу намуданд.

Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгириии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар даври аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Чин мусовӣ (0:0) бозида, дар даври дуюм аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва дар даври сеюм Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба марҳалаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад.

Акнун баъд аз шикаст додани тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар марҳалаи 1/8-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.

АКС аз сомонаҳои варзишӣ/АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд