Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар форуми маҷозии байнидонишгоҳӣ иштирок намуданд

Январь 7, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 07.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар форуми маҷозии байнидонишгоҳӣ  дар доираи ҳамоҳангсозии Донишкадаи таълимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/ (ECO-EI) дар мавзуи «Мушкилоти донишҷӯёни хориҷӣ дар минтақаи СҲИ дар самти табодули академӣ» иштирок  намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки баррасии ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои табодули таълимӣ ва ба роҳ мондани табодули академӣ, инчунин ҳамкории илмию таълимӣ, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсил аз ҳадафҳои асосии форум буд.

Гуфта шуд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба беҳбуди стандартҳои байналмилалии таҳсил дар минтақаи ин созмон  аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар  форуми  маҷозӣ мудирони бахши таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо ва бахши кор бо донишҷӯёни хориҷии  Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба имконият ва самтҳои самарабахши ҳамкории байналмилалӣ дар татбиқ ва табодули академӣ ҷиҳати грантҳои таълимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Донишгоҳ маъруза намуданд.

Инчунин намояндагони Донишкадаи таълимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз давлатҳои Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон доир ба раванди таълим ва тарзи қабули шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маълумоти мукаммал гирифтанд.

Таъкид шуд, ки дар доираи ҳамкории Донишкадаи таълимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар самти табодули донишҷӯёну магистрон ва докторантҳо (PhD) ҳамкорӣ менамоянд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1964 таъсис дода шуда, Тоҷикистон аз соли 1992 узви он мебошад. Ин созмон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, сайёҳӣ ва тиҷорат фаъолият менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 7, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст