НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хизмати давлатӣ сомонаҳои тамоми мақомоти давлатиро аз санҷиш мегузаронад
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 нақша дорад мониторинги сомонаҳои тамоми мақомоти давлатиро гузаронад. Дар ин хусус имрӯз Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар робита ба фаъолияти сомонаи ин ниҳод иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби агентӣ ягон маротиба мониторинги сомонаҳо гузаронида нашуда, дар назар аст, ки сомонаҳои тамоми мақомоти давлатии мамлакат аз санҷиш гузаронида шаванд.
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд. Ҳадаф аз таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудани Қоидаҳои ягона татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад.
Дар нишаст ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ саҳифаҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Китобхона», «Консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо», «Муроҷиатномаҳо», саҳифаи «Озмун дар мақомоти давлатӣ» ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумот оид ба ҷойҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
Тавре Директори агентӣ изҳор намуд, саҳифаи «Озмун дар мақомоти давлатӣ» аз серхонандатарин бахш дар сомона ба шумор рафта дар он ҳамарӯза эълонҳои нав гузошта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди хонандагони сомонаи Агентӣ то 1 январи соли 2024 беш аз 65 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






