НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»: Болоравии ҳаққи хизматрасонӣ бозбинӣ мешавад

Январь 29, 2024 14:06

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» чун пештара амалӣ шуда, болоравии арзиш аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат бозбинӣ мешавад. Дар ин хусус директори генералии корхона Усмон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Директори корхона иброз дошт, ки тарифҳои ҳаққи хизматрасонӣ вобаста ба партовҳои сахти маишӣ 1 октябри соли 2018 муайян шуда, то ба ҳол тибқи ин муқаррарот амалӣ мешаванд. Вобаста ба бозбинии тарифҳои ҳаққи хизматрасонӣ дар самти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ваколатдори давлатӣ дар самти бозбинӣ намудани ҳаққи хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба шумор меравад, ки ҳоло дар ҳолати бозбинӣ аст.

Аз ҷониби корхона пешниҳод гардидааст, ки ҳаққи хизматрасонӣ то 15-20 фоиз боло бурда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз тарафи кормандони корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ  ба истифодабарандагон ба маблағи 207 млн сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расонида шудааст. Дар ин давра аз ҷониби корхона ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 47 млн  130 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд